Барқияи табрикӣ

№31 - 32 (3825 - 3826) 10.03.2018

Шашуми марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Армен Варданович!

Ба муносибати аз ҷониби парлумони кишвар ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Арманистон интихоб шуданатон ба Шумо табрикоти самимии худ ва таманниёти муваффақиятҳоро дар фаъолияти минбаъдаатон ирсол медорам.

Тоҷикистон муносибатҳои наздики шарикиро бо кишвари Шумо қадр мекунад ва барои рушди бемайлони онҳо ҳавасманд аст.

Мутмаинам, ки бунёди устувори муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷанбаи равобити мутақобилаи миёни ду кишвар гузошташуда минбаъд таҳким ёфта, тамоми соҳаҳои нави ҳамкории мутақобиларо ба манфиати халқҳоямон фаро мегирад.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, саломатии бардавом, анҷоми неки иқдомҳо, ба мардуми бародари Арманистон сулҳ ва зиндагии осоишта таманно дорам».

www.president.tj