Барқияи табрикӣ

№133 (3927) 06.11.2018

Дуюми ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Жаир Мессиас Болсонару барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хушҳолам, ки Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия самимона табрику муборакбодӣ менамоям.

Мо ба ояндаи ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон дидгоҳи нек дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар якҷоягӣ пайгирона саъю талош варзем.

Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар амри татбиқи нақшаю барномаҳоятон ҷиҳати пешрафту шукуфоии кишвари дӯсти Бразилия муваффақиятҳои рӯзафзун хоҳонам.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».

 www.president.tj