Барқияи табрикӣ

№91 (4041) 27.07.2019

24 июли соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Борис Ҷонсон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба вазифаи Роҳбари Ҳизби консерваторон ва ба даст гирифтани зимоми умури маснади олӣ — Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ самимона табрику таҳният мегӯям.

Мо густаришу таъмиқи равобити ҳамкориро бо Британияи Кабир дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати худ медонем.

Изҳори умед менамоям, ки дар давраи фаъолияти Шумо ба ҳайси Сарвазир бо саъю эҳтимоми ҳар ду тараф ҳамёрии кишварҳои мо ҷанбаҳои нави судмандро фаро хоҳад гирифт.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки барои таҳкими ҳар чӣ бештари муносибатҳо бо Британияи Кабир дар сатҳҳои гуногун саъю кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, тансиҳативу саодатмандӣ ва дар ҷодаи амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон муваффақиятҳо, ба мардуми кишвари дӯсти Британияи Кабир амну амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».

www.president.tj