Барқияи тасаллият

№112-113 (3592-3593) 30.08.2016

25 августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Италия Маттео Ренси барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

 «Ҷаноби Олӣ!

Хабари ҳузнангези силсилаи заминларзаҳои шадидро дар қисмати марказии Италия, ки боиси ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани садҳо одам шуда, харобиҳои зиёдеро ба бор оварданд, бо андӯҳи бузург дарёфтам.

Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Италия  сангин ҳамдардии амиқи инҷониб ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати  табиии фоҷиабор ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

www.president.tj