Барқияи тасаллият

№58 (3695) 25.05.2017

23 майи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тереза Мей барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

«Хонуми Олиҷоҳ!

Хабари мудҳиши ба ҳалокат расидани даҳҳо ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон дар шаҳри Манчестер бар  асари таркиши даҳшатангез боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Мавҷи бесобиқаи амалҳои террористӣ, ки имрӯзҳо кишварҳои гуногуни оламро фаро гирифтааст, боиси нигаронии шадиди аҳли сайёра гардида, бори дигар зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср қотеъона таъкид менамояд.

Ҳамдардиву тасаллияти хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».

www.president.tj