Барқияи тасаллият

№118 (3755) 05.10.2017

Сеюми октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти  Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандонро бар асари амали золимона дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо андуҳи бузург дарёфтам.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамоям ва хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам».

 www.president.tj