Барқияи тасаллият

№14 (3808) 01.02.2018

29 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳаён барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат!

Хабари реҳлати модари бузургворатон боиси ғаму андуҳи мо гардид.

Дар робита ба ин талафоти гарон ба Аълоҳазрат, наздикон ва пайвандони Шумо таъзияву тасаллияти амиқи худро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил масъалат дорам.

Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун».

 www.president.tj