Барқияи тасаллият

№21 (3815) 17.02.2018

15 феврали соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари фоҷиабори тирпарронӣ дар яке аз мактабҳои иёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани  шумораи зиёди шаҳрвандон гардид, бо андуҳи бепоён дарёфтам.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам».

www.president.tj