Барқияи тасаллият

№153 (3947) 25.12.2018

24 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари рух додани офатҳои табиӣ дар минтақаҳои ғарбии Ҷумҳурии Индонезия, ки боиси ҳалокату маҷруҳ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, моро сахт андуҳгин намуд.

Бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Индонезия аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон бирасонед. Ба ҳамаи маҷруҳшудагон шифои комил орзумандам».

www.president.tj