Барқияи тасаллият

№136 (4242) 03.11.2020

31 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани мардум, ҳамчунин, харобиҳои зиёд бар асари заминларзаи шадид дар минтақаҳои ғарбии Туркия боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Дар ин зимн ҳамдардиву тасаллии самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷиабор сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

www.president.tj