Баргузории Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД

№106 (4368) 24.08.2021

51397941835_b1088ab425_o23 августи соли 2021 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Дар он, ҳамчунин, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон Қосим — Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Дабири кулли СААД Станислав Зас ва ба ҳайси давлати даъватшуда Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат варзиданд.

Аъзои Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ оид ба вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои аъзои СААД мубодилаи афкор намуда, якбора бад шудани вазъ дар Афғонистонро бо нигаронӣ зикр карданд.

Иштирокчиёни иҷлосия аҳамияти бо масъулият барқарор намудани ҳокимияти давлатиро дар Афғонистон тавассути муколамаи фарогири осоишта, бо дарназардошти манфиатҳои ҳама гурӯҳи иҷтимоӣ, сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар таъкид карданд. Хусусан, зикр шуд, ки режими сиёсии Афғонистон бояд ба озодона амалӣ гардидани иродаи халқҳои афғон асос ёбад. Баҳисобгирии қатъӣ, кафолат ва ҳифзи манфиатҳои ­иҷтимоию сиёсии ҳама табақаи ҷомеа барои устувории дилхоҳ ҳукумати Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Бо дарназардошти ҳузури афзояндаи ҷангҷӯёни созмонҳои террористӣ дар Афғонистон, ки ин кишварро ҳамчун макони эҳтиётӣ барои таъсиси нуктаҳои такягоҳӣ ҷиҳати фаъолияти минбаъда ва ғасби иҷбориашон истифода мебаранд, кишварҳои аъзои СААД аҳд намуданд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳое, ки аз Афғонистон сар мезананд, кӯшишҳои иловагӣ ба харҷ медиҳанд.

Барои суръат бахшидан ба кори қабули Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими бахшҳои сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки Тоҷикистон дар доираи СААД пешниҳод кардааст, тавофуқ ҳосил шуд.

Аъзои Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ба мувофиқа расиданд, ки табодули афкор доир ба вазъияти Афғонистон 16 сентябр дар Душанбе зимни нишасти қарибулвуқӯи СААД идома ёбад.

 

www.president.tj