Симпозиуми байналмилалӣ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ОБ ВА БЕҲДОШТИ ОН ДАР ДУШАНБЕ

№106 (3586) 11.08.2016

Нуҳуми августи соли 2016 дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор — «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» ба кор оғоз намуд.

Дар расми ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард.

Дар кори симпозиуми байналмилалӣ зиёда аз 700 нафар намояндаи воломақом аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СММ ва 17 сохтору ниҳоди зертобеи он, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва дигарон иштирок доранд. Симпозиум намояндагони баланд­пояи давлату ҳукуматҳо, роҳбарон ва коршиносону мутахассисони ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, доираҳои академӣ, илмию соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандиро, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, ба ҳам овардааст.

Дар кори симпозиум, ки то 11 — уми август идома меёбад, мавзӯъҳои муҳими рӯзмарра, аз ҷумла афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ, ҳифзи ҳавзҳои обӣ ва системаҳои беҳдоштии экологӣ, пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрсоҳа, пешбурди ташаббусҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Зимни суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба муҳимияти Ҳадафи шашуми рушди устувор, ки ба масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт бахшида шудааст, ибрози назар карда, таъкид намуд, ки ин ҳадаф, дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, масъалаҳои сифати об, самаранокии истифодаи он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қисмати марбут ба оби Ҳадафҳои рушди устувор вазифаҳои алоҳидаеро, ки ҳамгироии Ҳадафи 6-умро бо дигар Ҳадафҳои рушди устувор таъмин менамоянд, муқаррар карда, мудирияти захираҳои об дар Рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ҷойгоҳи калидиро касб намудааст.

Доир ба аҳамияти ташаббусҳои нав ва муҳими Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии нав таҳти унвони «Об — барои рушди устувор», ки моҳи апрели соли гузаш­та пешниҳод шуд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки чунин як иқдом дар сурати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ширкаткунандагони ин ҳамоиши бузург ҷонибдорӣ ёфтан барои ҷалби таваҷҷуҳи бештар ва фарогир ба татбиқи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои он мусоидат хоҳад кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин изҳор дошт, ки дар оғози соли равон бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид ва Бонки умумиҷаҳонӣ Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об бо шумули роҳбарони даҳ кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дар робита ба ин таъкид шуд, ки ин панел ба ҳайси саҳнаи ҳамкории дастаҷамъона дар амалияи баррасиву дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ дар соҳаи об нақши муҳим хоҳад гузошт.

Сарвари давлат Эмомалӣ ­Раҳмон пешниҳод кард, ки зимни баррасии масъалаҳои марбут ба татбиқи Ҳадафи шашуми рушди устувор таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, ки метавонад кӯшишҳои давлатҳоро дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор халалдор намояд, афзоиши шумораи аҳолӣ дар сайёра ва ниёзмандии рӯзафзун ба захираҳои об, ба инобат гирифтани унсури гендерӣ дар мудирияти захираҳои об ва ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об ҳамчун як омили калидии таъмини сулҳу субот ва рушд мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор дода шаванд.

Дар суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз хатари афзун шудани обшавии аз ҳад зиёди пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, тағйирёбии иқлими сайёра ва дигар мушкилоти марбут ба об ёдовар шуда, ҷомеи ҷаҳониро даъват намуд, ки барои ҳалли масоили марбут ба ин мушкилот ҳамкорӣ ва муколамаи созандаи байнидавлатиро пеша намоянд.

Дар расми ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачария Паёми шодбошии Дабири кулли СММ Пан Ги Мунро ба иштирокчиёни симпозиум қироат кард. Ҳамчунин, ноиби дигари Дабири кулли СММ Гай Райдер бо Паёми видеоӣ баромад намуд. Сипас, аз номи Гурӯҳи 77 намояндаи доимии Шоҳигарии Таиланд дар СММ Вирачай Пласай, аз намояндаҳои доимии давлатҳо дар СММ намояндаи доимии Финляндия дар ин созмон Кай Сауэр, аз номи мушовирони махсуси Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об намояндаи доимии Ҷумҳурии Маврикий дар СММ Ҷагдиш Дҳарамачанд Кунҷал, ҳамчунин Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Халил Иброхим Акча, намояндаи баландмақоми Бонки умумиҷаҳонӣ Ҷенифер Сара ва ноиби раиси Кумитаи роҳбарикунандаи шарикии глобалӣ дар соҳаи об Алиса Боуман-Дентенер суханронӣ намуданд.

Хотиррасон бояд кард, ки дар доираи симпозиуми байналмилалӣ, ҳамчунин ҷаласаи 4-уми мушовирони махсуси Панели сатҳи баланд оид ба масоили об баргузор гардида, дар ҷаласаҳои алоҳидаи ин чорабинӣ масъалаҳои матраҳ намудани ташаб­бусҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла пешниҳод оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об — барои рушди устувор», дастрасии умумӣ ва баробар ба оби ошомидании беҳтар ва арзон, дастрасии умумӣ ва баробар ба василаҳои сазовори санитарӣ-беҳдоштӣ барои ҳама, баланд бардоштани сатҳи самарабахши истифодаи об, таъмини мудирияти кулли захираҳои обӣ, муҳофизат ва барқарорсозии экосис­темаҳои обӣ, баланд бардоштани сифати об тавассути коҳиш додани ифлосшавии муҳити зист ва механизмҳои нави инноватсионӣ дар ҷодаи ҳамкориҳо дар доираи об барои рушди устувор баррасӣ мешаванд.

Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор — «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» бо ибтикори бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баргузор гардида, барои баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он дар доираи Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об — барои рушди устувор», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, заминаҳои мусоид фароҳам хоҳад овард.

 www.president.tj