Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан

№142 (3288) 26.11.2014

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 26-27 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод.

Сафари кунунӣ идомаи муколамаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Чехия дар сатҳи олӣ мебошад, ки дар ҷараёни он Президентҳо дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Чехия, масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин масъалаҳои калидии байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар рафти музокирот, ки дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ ҷараён дошт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия вобаста ба муҳимтарин масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва байналмилалии дар дафтари рӯз қарордошта табодули афкор намуданд. Президентҳои ду кишвар саъю талоши муштаракро ҷиҳати мусоидати минбаъда ба анҷом додани мулоқотҳои мунтазам дар сатҳи олӣ, истифодаи фаъолонаи абзорҳои мавҷудаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию башардӯстона, инчунин тавсеаи заминаҳои шартномавӣ-ҳуқуқии дуҷониба изҳор намуданд.

Ҷонибҳо робитаҳои байнипарлумониро ба ҳайси ҷузъи муҳим ва таркибии ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, зарурати фаъолсозии тамосҳоро миёни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Ҷумҳурии Чехия таъкид карданд.

Сарони давлатҳо ҳамкориҳоро дар доираи СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор доданд. Дар пайи баррасии масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ роҳбарони ду давлат пуштибонии худро аз таҳкими сулҳу субот, барқарор намудани фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳор намуданд.

Президентҳои ду кишвар зарурати тақвияти ҳамкориҳоро дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои замони муосир қайд намуданд.

Роҳбарони ду давлат ҷараёни татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупоро барои Осиёи Марказӣ мусбат арзёбӣ намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо иброз доштанд.

Дар ҳошияи масъалаи таҳкими субот ва амният дар минтақа роҳбарони ду давлат, бо назардошти нақши роҳбарикунандаи СММ, таваҷҷуҳи худро ба масъалаи минбаъд бо ҳамкорӣ ва дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ бо роҳи сиёсӣ ба эътидол овардани вазъият дар Афғонистон таъйид намуданд.

Ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои муштарак дар соҳаи иқтисод ишора намуда, давом додани фаъолияти Гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистон ва Чехия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва саноатро, ҳамчун ниҳоди ҳамоҳангсози пешбурди муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, мусбат арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо бахшҳои энергетика, молия ва бонкӣ, сохтмон, истеҳсолоти нассоҷӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, саноати коркард, сайёҳӣ, маориф ва тибро соҳаҳои бештар ояндадори ҳамкорӣ қайд карданд. Ҷонибҳо инчунин зарурати фаъолсозии саъю талошҳои амалиро барои ҳавасмандкунии тамосҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои мазкур таъкид намуданд.

Роҳбарони ду кишвар масъалаҳои марбут ба захираҳои обию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, саъю талошҳои Тоҷикистонро ҷиҳати истифодабарии оқилонаи онҳо ба манфиати рушди иқтисоди кишвар ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид намуданд.

Президентҳои ду кишвар аз натиҷаҳои музокирот, ки дар фазои созандагӣ сурат гирифтанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми мардуми тоҷик барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии ҳайати Чехия изҳори миннатдории самимӣ намуда, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард, то дар фурсати муносиб аз Ҷумҳурии Чехия боздид ба амал орад. Даъват бо камоли миннатдорӣ қабул карда шуд. Муҳлатҳои сафар бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешаванд.

Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон

Президенти  Ҷумҳурии  Чехия Милош  Земан

 26 ноябри соли 2014, шаҳри Душанбе