Баёнияи муштараки суҳбати гирди мизи сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳукуматҳои Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд — як роҳ»

№48 (3998) 30.04.2019

Ҷумҳурии Халқии Хитой, 27 апрели соли 2019

46794710005_62a67fb9d3_zДар фарҷоми кори Форум Баёнияи муштараки суҳбати гирди мизи сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳукуматҳои Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд — як роҳ» қабул гардид.

Он аз дебоча, шаш қисм, 38 банд ва замима, аз ҷумла, қисмҳои «Таҳкими синергияи сиёсати рушд», «Тақвияти ҳамбастагии инфрасохторӣ», «Пешбурди рушди устувор», «Таҳкими ҳамкориҳои амалӣ», «Пешбурди табодули одамон» иборат мебошад.

Дар Баёнияи муштарак бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз тарафи 40 роҳбари давлат ва ҳукумат ҷонибдории татбиқи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Шарҳи миёнамуҳлати фарогири ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таъкид карда шудааст.

Дар ҳошияи Баёнияи муштарак муҳимияти рушди роҳҳои нақлиётӣ ва логистикии фароминтақавӣ, аз ҷумла, роҳҳое, ки кишварҳои Осиёи Марказиро бо кишварҳои Кавказ, Аврупо, Африка, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва минтақаи уқёнуси Ором мепайванданд, барои тақвияти имкониятҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии он (Осиёи Марказӣ) қайд гардидаанд.

Баёнияи муштарак, ҳамчунин, мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергияи тоза ва барқароршаванда ва саноатро дар бар мегирад.

Дар Баёнияи муштарак бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон табодул ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ дар банди 35, роҳи мошингарди «Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Хитой» дар замимаи он дар қатори дигар ташаббусҳою лоиҳаҳо ворид ва мувофиқа карда шуданд.

АМИТ «Ховар»