Бинои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти прокуратура

№131 (3768) 09.11.2017

38175251102_3968cf8bac_o6 ноябри соли 2017 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшон, кӯчаи Бобо Ҳамдами шаҳри Душанбе бинои 9 — ошёна барои кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, ки шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар мебошад.

Он дар масоҳати 0,18 га сохта шуда, масоҳати умумии зери сохтмонаш 646,1 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Тарҳи сохтмони иншоот аз ҷониби ҶСК «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯйии САНИИОСП» омода шудааст. Арзиши лоиҳавии сохтмон қариб 17 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ мебошад. Бунёди иншоот бо сарфаи 3 миллион сомонӣ бо сифати хуб ва ҷавобгӯ ба шароити замонавӣ ба анҷом расидааст.

Тавре иттилоъ доданд, корҳои сохтмону васлкуниро ҶДММ «Иморатсоз» ба сомон расондааст.

Бино дорои таваққуфгоҳ бо масоҳати умумии 590 метри мураббаъ, майдонча барои бозии бачаҳо бо масоҳати умумии 255 метри мураббаъ буда, инчунин 54 хона, аз ҷумла 18 хонаи сеҳуҷрагӣ, 18 дуҳуҷрагӣ ва 18 якҳуҷрагӣ дорад. Манзилҳои зисти он аз 57 то 83 метри мураббаъ масоҳат дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои сазовор доданд ва сокинони хуштолеъ-кормандони мақомоти прокуратураро даъват намуданд, ки хизматро ба нафъи халқу Ватан аз пештара дида, хубтар ба роҳ монанд.

Нафарони соҳиби манзили истиқоматигардида ба Роҳбари давлат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар иҷрои вазифаҳои бардӯшдошта дучанд ҳавасманду масъулиятшинос хоҳанд буд.

 www.president.tj