Боғи «Дӯстии халқҳо» баъди навсозӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ номгузорӣ шуд

№109 (3903) 06.09.2018

Бог5 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» — ро дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароиту имконияти он баъди навсозӣ шинос шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ва пос доштани хотираи неки саромадони адабиёти тоҷик дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ гулчанбар гузоштанд.

Зимни суҳбат бо сокинони шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки минбаъд Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» ба номи Абулқосим Фирдавсӣ номгузорӣ карда шавад.

Президенти мамлакат зимни шиносоӣ ба кори муаллифони тарҳи нав ва мутахассисону сохтмончиёне, ки барои ободии ин гӯшаи пойтахт заҳмат кашида, онро ба як фароғатгоҳи воқеан зебову замонавӣ мубаддал гардондаанд, баҳои баланд доданд.

Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ», ки солҳои 70-уми садаи гузашта ­бунёд ёфта, ба талаботи замони муосир тамоман ҷавобгӯ набуд. Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон он пурра навсозӣ гардида, ба макони истироҳату фароғат ва дилфиреб табдил дода шуд.

Нахуст Пешвои миллат дар ин муассиса бо иншооти варзишии навбунёд шинос гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи корҳои навсозӣ дар масоҳати беш аз 2 гектар майдонча барои бозии футболи хурд бо 220 ҷойи нишаст, корти теннис, майдончаи тенниси рӯйимизӣ, майдони кушод барои обутоби бадан бо таҷҳизоти замонавӣ ва маркази бозиҳои кӯдакона бунёд ёфтааст.

Иншооти варзишии бунёдгардида дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» татбиқи амалии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон ҳам истироҳату фароғат намоянд ва ҳам ба варзиш машғул шаванд.

Масоҳати умумии Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» 30 гектарро ташкил дода, аз ду даромадгоҳ — шимолӣ ва ҷанубӣ иборат мебошад, ки аз ҷониби меъморон бо санъати баланди миллӣ бунёд ёфтаанд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муассиса Маҷмааи фароғатии «Симурғ» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар он, ки дорои 15 намуд аттраксион мебошад, аз даромадгоҳ то дохил дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб шудааст.

Намои зоҳирии аттраксион ва таҷҳизоту дастгоҳҳои истироҳатии маҷмаа шабонгоҳ хеле ҷолибу назаррабо мебошад. Чароғҳои гуногунранг ва даврзананда онро ниҳоят дилфиребу назаррабо гардондаанд.

Дар маҷмаа, ҳамчунин, дигар намуди майдончаҳои варзишӣ ва дилхушӣ, аз қабили роллердром, скейтбозӣ, толори яхмолакбозӣ мавҷуданд, ки намудҳои муосири варзишу бозиҳои муфид мебошанд.

Дар боғ, ҳамчунин, корҳои ободониву гулзоркунӣ низ анҷом дода шудаанд. То кунун майдони 17 гектар майсазор гардонида, беш аз 750 ҳазор бех гулу гулбуттаҳои ороишӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ шинонида шудааст, ки диққати ҳар бинандаро ҷалб менамоянд.

Пешвои миллат ба масъалаи сабзу хуррамгардонӣ диққати махсус зоҳир намуда, ба масъулин дас­тур доданд, ки дар ободии бештар ва хуррам гардонидани боғ талош ба харҷ диҳанд ва онро ҳамешасабз нигоҳ доранд.

Барои таъмини амнияти истироҳаткунандагон дар 60 нуқтаи боғ камераҳои мушоҳидавӣ ва таҷҳизоти радиошунавонӣ насб гардидааст. Ду таваққуфгоҳ барои 250 воситаи нақлиёт низ сохта шудааст.Инчунин, сохтмони амфитеатр барои 1500 ҷойи нишаст аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ки рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва чораҷӯйии созандаву пайгиронаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар давоми наздик ба 2 соли охир ҷиҳати боз ҳам зебо гардонидани симои зоҳирии пойтахт, беҳсозии сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагиву фароғат ба сокинону меҳмонон тадбирҳои амалӣ татбиқ гардида, инфрасохтори боғҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва макони сайру саёҳати шаҳри Душанбе ба маротиб беҳтар гардонида шуданд. Ҳамчунин,  4 боғи фарҳангӣ — фароғатӣ, 47 гулгашт ва майдончаҳои зиёди варзишӣ бунёд ва навсозӣ гардиданд, ки феълан сокинони пойтахт аз онҳо истифода мебаранд.

Пешвои миллат ба масъулини Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» супориш доданд, ки дар самти нигоҳубин ва ободу зебо нигоҳ доштани макони истироҳатӣ масъулиятшинос бошанд ва нуқтаҳои хизматрасониро бо дарназардошти талабот замонавӣ бунёд созанд.

www.president.tj