Боздид аз Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо

№1 (3302) 30.12.2014

12

Бисту нуҳуми декабри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб қарор дорад, ташриф оварда, бинои нави иловагии онро ифтитоҳ намуд ва ба бошандагони он, ки асосан кӯдакону наврасони маъюбанд, туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард.

Чунонки иттилоъ доданд, ин бино бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи чанд соли охир бо харҷи 6,2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, бо таҷҳизоти замонавии табобату тавонбахшии кӯдакони маъюб муҷаҳҳаз  шудааст.

Бинои нави маҷмаа ба Маркази таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо тааллуқ дорад, ки дорои навтарин таҷҳизот ва беҳтарин шароити таълим, тарбия ва ба кори мустақилона раҳнамун сохтани кӯдакони маъюб мебошад.

Маҷмаа ҳамчунин дорои маркази тавонбахшӣ аст. Ҳар ду марказ барои қабул ва хизматрасонӣ ба 240 нафар кӯдакони маъюб дар як вақт пешбинӣ шудаанд.

Дар ин ҷо толору утоқҳои  зиёди таълиму мустақилсозии маъюбон, аз ҷумла утоқҳои логопедӣ, сенсорӣ, обдармонию омӯзиши шиноварӣ, расмкашӣ, дармонбахшӣ бо мусиқӣ ва ғайра мавҷуд аст, ки бо завқи баланд ва риояи нозукиҳои касбӣ таҷҳизонида шудаанд.

Дар як утоқ компютерҳои дорои барномаҳои махсуси таълиму тавонбахшӣ барои маъюбон гузошта шудаанд. Якчанд утоқ барои омӯзиши рӯзгордории миллии тоҷикӣ ва аврупоӣ, инчунин ҳам ҳунарҳои зебо пешбинӣ шудааст. Ҳамаи ин дар асоси супориш ва ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад, муҳайё шудааст.

Дар толори калони ин муассиса, ки хеле зебову муҷаҳҳаз аст, ба ҳамаи бошандагони он аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои солинавӣ, аз ҷумла сарулибоси зимистона ва бозичаю шириниҳо супурда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарияту кормандони ин муассисаи иҷтимоӣ, аз ҷумла таъкид дошт, ки ба ин кӯдакони маъюбу ниёзманд бо меҳрубонии падару модарона муносибат кунанд, зеро ин кори басо хайру савоб аст.

www.president.tj