Боздид аз осорхона ва маҷмааи варзишии шаҳри Ашхобод

№112 (3413) 21.08.2015

20116245964_81f9f652d3_oНимаи дуюми рӯзи 20-уми августи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони ёдгории шаҳри Ашхобод бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддуни мардуми туркман ба муҷассамаҳои ёдгорӣ бахшида ба муҳорибаи Гуктеппа ва қурбониёни заминларза дар шаҳри Ашхобод дар назди «Оташи абадӣ» гулчанбар гузошт.

Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Туркманистон ҳамроҳӣ карданд.

Баъди маросими гулчанбаргузорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳон ба осорхонаи Туркманистон ба номи «Муқаддасоти Ватан» ташриф овард.

Дар даромадгоҳи осорхона меҳмони олимақомро роҳбарият ва кормандони осорхона гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Баъди шиносоӣ бо нигораҳои нодири осорхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ соядаст гузошт.

Дар шаҳри Ашхобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки олимпӣ бо маҷмааи замонавии варзишӣ аз наздик шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 дар Туркманистон бозиҳои панҷуми осиёӣ доир мегардад ва маҷмааи варзишӣ макони асосии баргузории ин чорабиниҳо хоҳад гашт.

Бегоҳии рӯзи 20 — уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари пурмаҳсули расмӣ аз шаҳри Ашхободи Туркманистон ба Ватан баргашт.

Мавриди зикр аст, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон бо расидан ба тавофуқоти зиёд дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатовар анҷом ёфт. Тавре маълум гардид, байни Тоҷикистону Туркманистон аз рӯзҳои нахустини ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ қариб 70 санади муҳими ҳамкорӣ мавҷуд аст ва дар доираи ин сафар баъди мулоқоту музокирот боз панҷ санад ба имзо расид. Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгули Бердимуҳаммадов баробари баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, инчунин ҳадафҳои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои зиёди истифоданашударо муҳокима карданд.

Ба хотири идомаи муколамаи сиёсӣ баҳри таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов даъват ба амал овард, ки бо сафари расмии ҷавобӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.

www.president.tj