Боздиди Пешвои миллат аз мактаб — интернати рақами 1-и шаҳри Душанбе

№156 (3950) 31.12.2018

31557125887_d92f8abf8f_o28 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо шароити Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосӣ — Мактаб — интернати № 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе, ки аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, шинос шуданд.

Дар муассиса, ки барои 550 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ гардидааст, айни ҳол 305 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз шумораи умумии тарбиятгирандагон 33 нафар ятими кул, 10 кас бепарастор, 38 кӯдак бе модар ва 225 нафар бе падар мебошанд, ки аз онҳо 78 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар ин ҷо 55 нафар омӯзгору мураббӣ бо маълумоти олии касбӣ кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 41 нафарашро занон ва 36 нафарро кормандони хоҷагӣ ташкил медиҳанд.

Барои таъмини синфхонаҳо бо гармӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе системаи гармидиҳии мактабро пурра таъмир кардааст. Баҳри фароҳам овардани шароити муосири илмомӯзӣ роҳбарияти шаҳри Душанбе ба хонандагон як автобуси нав, барои синфхонаҳо тахтаи электронӣ, компютерҳои навтарин тақдим намуданд.

Ҳамин тавр, муассиса бо 30 тахтаи электронӣ, 65 компютери корӣ, 11 ноутбук ва 76 камераи назоратӣ таъмин гардид.

Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи варзиш ва ҷалби ҷавонон ба он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ду майдончаи муосири варзишӣ бунёд карда шуд.

Мактаб — интернати № 1 барои кӯдакони ятим яке аз калонтарин муассисаи таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки соли 1972 дар заминаи Мактаб — интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор таъсис ёфтааст. Бояд гуфт, ки то ин дам шароити будубоши он ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд.

Бо дастуру ҳидоятҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе, 15 феврали соли 2017, соҳибкори ватандӯст — директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов иқдом гирифт, ки аз ҳисоби даромади софи корхонааш муассисаи таълимии мазкурро пурра аз таъмири асосӣ барорад.

Ҳамин тавр, дар рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ бо маблағи зиёда аз 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҳудуди муассиса дар масоҳати 700 метри мураббаъ мумфарш гардид. Ошхонаи наву замонавӣ бо 450 ҷойи нишаст таъмир, барои 500 нафар мизу курсӣ таъмин карда, толори барҳавои маҷлис бо 350 ҷой бо нақшу нигори миллӣ ва гаҷкорӣ оро дода шуд.

Дар оянда соҳибкори ватанӣ Маҳмуд­ҷон Муродов нақша дорад, ки барои хонандагони мактаб — интернат ҳавзи шиноварӣ, барои омӯзгорон хобгоҳи замонавӣ ва барои нигаҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ сардхона сохта, ба истифода диҳад.

Бинои таълимии муассиса бо шароити зарурӣ таъмин аст. Дар се ошёнаи он 22 синфхонаи фаннӣ, 19 кабинети корӣ, 18 хонаи хоб бо 330 кат, 2 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 2 майдончаи варзишӣ, 1 толори барҳавои варзишӣ, 2 толори маҷлисгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ ҷой гирифтааст. Тарбиятгирандагон, ҳамчунин, имкон доранд, ки технологияи муосири компютерӣ ва забонҳои хориҷиро дар сатҳи зарурӣ аз худ намуда, аз озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ ва толори фарҳангӣ васеъ истифода баранд.

Баъди шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанпарвар Маҳмудҷон Муродов барои дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар, иқдомҳои башардӯстонаи Сарвари давлат ва анҷоми корҳои хайр изҳори сипос карданд.

Сипас, дар толори зебову мунаққаши Мактаб — интернати №1 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагон мулоқоти самимӣ доир карда, оид ба таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ андешаронӣ намуда, ба ҳар як тарбиятгиранда туҳфаҳо, аз қабили сарулибоси зимистона, шириниҳо ва дигар лавозимоти хонишро тақдим карданд.

www.president.tj