Боздиди Пешвои миллат аз Мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ

№1 (4107) 01.01.2020

27 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуда, бо фаъолияти он шинос шуданд.

Айни ҳол дар муассиса 400 нафар аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат дар мактаб-интернат шароити муосир барои омӯзиш ва зисту зиндагонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, мактаб-интернат дорои 31 синфхонаи фаннӣ буда, аз кабинетҳои методӣ, синфхонаи компютерӣ бо 22 адад компютер иборат мебошад.

Китобхонаи таълимгоҳ бо 8200 нусха китоби таълимӣ таъмин ва наздик ба 3 ҳазор китоби бадеӣ барои мутолиа дастраси хонандагон мебошад.

Китоби махсуси «Имову ишора» барои хонандагони синфҳои аз 1 то 3 пурра дастраси хонандагон аст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ таваҷҷуҳи хоса ба фаъолияти мутахассисон зоҳир мегардад. Дар он ҷо наздик ба 60 нафар омӯзгори соҳибтахассус, ки курс­ҳои махсуси бозомӯзӣ гузаштаанд, ба тарбиятгирандагон дарс мегӯянд. Ҳамчунин 7 нафар омӯзгори имконияташон маҳдуд, ба дарсомӯзӣ машғул мебошанд.

Мусаллам аст, ки шарту шароит ва имконияти зисту зиндагонии нафарони имконияташон маҳдуд зери таваҷҷуҳи доимии шахсии Сарвари давлат қарор дорад. Аз ин ҷост, ки дар мамлакат пайваста дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар чанд соли охир мактаб-интернати мазкур аз таъмиру тармими пурра бароварда, хобгоҳи муассиса бо 400 кати хоб ва бо шароити муосиру зарурӣ таъмин карда шуд. Утоқи тиббӣ, ки барои муолиҷаи кӯдакон пешбинӣ гардидааст, бо 3 кати хоб таъмин мебошад ва дар он дастгоҳҳои зарурии соҳавӣ насб гардидаанду нафароне, ки ба муолиҷа фаро гирифта шудаанд, ба дорувории ройгон дастрасӣ доранд. Ҳамчунин, таълимгоҳ дорои маҷлисгоҳ бо бештар аз 300 ҷойи нишаст аст ва хонандагон дар ошхона бо панҷ вақт хӯроки гарму серғизо таъмин мебошанд. Бар илова, хонаи истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ дар мактаб — интернат, ҳаммом барои кӯдакон ва дигар шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, чун анъанаи нек, ба тарбиятгирандагони мактаб — интернат туҳфаҳои идона тақдим намуда, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфтанд.

Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ниёзмандон, пирону барҷомондагон ва маъюбон ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва дар ин доира пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Сарвари давлат омӯзгоронро муваззаф намуданд, ки нисбат ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат ғамхору меҳрубон бошанд ва кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки хонандагон аз донишҳои муосир ҳамаҷониба бархӯрдор гарданд.

Дар интиҳо Президенти мамлакат ба хонандагони мактаб — интернат барои ба сайру тамошо баромадан ду адад автобус тақдим намуданд.

www.president.tj