Боздиди Пешвои миллат аз мамнуъгоҳи «Хуталон»

№41 (3835) 03.04.2018

41113626192_1f1b2e04d2_o1 апрели соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои мас­ъулияти маҳдуди «Хуталон» бо вазъи ин мамнуъгоҳ шинос шуданд.

Масоҳати заминҳои мамнуъгоҳи «Хуталон» 6 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва дар он бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат парандагон, махсусан, тазарв ва чорвои нодир, аз қабили оҳуи холдор, уреал-гӯсфанди кӯҳии бухороӣ, муфлон парвариш меёбанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зиёд намудани саршумори оҳуи холдор, гавазни бухороӣ, хуки ваҳшӣ ва мурғи тазарв» қарори махсус қабул намуда буд ва дар доираи татбиқи он то имрӯз дар кишвар барои рушди соҳа, парвариши бештари чорво ва парандагони нодир, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид шудаанд, тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.

Айни ҳол дар мамнуъгоҳи «Хуталон» беш аз 500 сар оҳуи холдор мавҷуд аст ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири афзоиши саршумори он, инчунин тоза кардани насли ин ҳайвони нодир, он рӯз беш аз 70 сар оҳуи холдорро, ки аз Федератсияи Россия ворид гардидаву ба иқлиму табиати Тоҷикистон мутобиқ мебошанд, дар ҳудуди мамнуъгоҳ сар доданд.

Баъди эълон шудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва беҳтар кардани вазъи фаъолияти мамнуъгоҳҳои кишвар таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла шикорчиён ба имкониятҳои рушди туризми байналмилалии Тоҷикистон бештар мегардад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд, бо дарназардошти имкониятҳои фарох, боду ҳавои мусоид ва замини зархези барои парвариши ҳайвонҳои нодир мувофиқ, дар ҳудуди ноҳияи Данғара боз ду мамнуъгоҳ дар майдони 22 ҳазор гектар таъсис дода мешавад.

Зимни шиносоӣ бо вазъи мамнуъгоҳи «Хуталон» дар посух ба таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба шароити мамнуъгоҳ, иттилоъ дода шуд, ки барқарорсозии муҳити экологӣ, набототу ҳайвонот ва парандагони он хуб ба роҳ монда шудааст.

Ҳоло дар ин мавзеъ гавазни бухороӣ, оҳуи холдор, муфлон ва дигар ҳайвонот зиндагӣ мекунанд. Шумораи мурғи даштӣ ва дигар парандагону ҳайвонот низ рӯ ба афзоиш овардааст.

Тавре маълум гардид, дар мамнуъгоҳи «Хуталон», ба ғайр аз ҳайвонот, парвариши парандаҳои нодир низ ба роҳ монда мешавад. Соли 2017 аз Чехия ба ҷумҳурӣ мурғи тазарв оварда шуд. Аз рӯйи маълумоти мутахассисон, баъди парвариш ва афзоиш танҳо соли 2018 беш аз 1200 сар аз ин паранда дар мамнуъгоҳҳои ноҳияи Данғара барои афзоиш сар дода шуд. Мурғи тазарв аз шумули парандаҳои нодири табиати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар мамнуъгоҳи «Хуталон», ҳамчунин, 90 гектар боғи мевадиҳандаи себ, нок ва чормағз мавҷуд аст, ки бо таъсиси он даҳҳо нафар сокини ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи корӣ доимӣ ва даромади хуби иқтисодӣ гардидаанд.

Баъди шиносоии пурра бо вазъи мамнуъгоҳи «Хуталон» Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон диққати кормандони мамнуъгоҳ ва роҳбарияти ноҳияро ба мас­ъалаи вусъати парвариши парандаҳо, зиёд намудани саршумори чорвои нодир, инчунин оид ба ҷоннок намудани корҳои ободонӣ, ба тартиб даровардани ҳудуди мамнуъгоҳ, таъмини хӯроки ҳайвонот дар фасли сармо ва муҳайё намудани заминаи рушди туризм супоришҳо доданд.

Мавриди зикр аст, ки табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон имрӯзҳо таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро бештар ба худ ҷалб кардааст.

Хислатҳои ҳамидаи меҳмоннавозию инсондӯстии Пешвои миллат, амну субот дар кишвар, сиёсати дарҳои бози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди бахшҳои муҳим, фасли зебои баҳор, рӯду чашмаҳои мусаффо, кӯҳҳои сарбафалак, мавзеъҳои таърихӣ, мамнуъгоҳҳо, дар сатҳи олӣ ва бошукӯҳу шаҳомат таҷлил кардани ҷашну идҳои умумимиллӣ, аз ҷумла Иди байналмилалии Наврӯз, ҳамчунин, дигар омилҳо имкон фароҳам меоранд, ки ташрифи сайёҳон бахусус дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардад.

www.president.tj