Дастоварди нодир ва таҷрибаи омӯзанда

№88 (3389) 27.06.2015

КНП1Дар як давраи нисбатан кӯтоҳ ва бо роҳи музокироти сиёсӣ хомӯш кардани оташи ҷанги дохилии Тоҷикистон дастоварди нодир ва таҷрибаи омӯзанда ба шумор меравад.

Чунин баҳогузорӣ намудан ба сулҳи тоҷикон асоси воқеӣ дорад. Ободию таъмини амну осудагӣ вазифаи ҳар Сарвари давлат аст. Аммо на ҳар нафари Сарвари давлат интихобгардида пеши роҳи фоҷиа ё ҷангро гирифта метавонад. Агар ин тавр намебуд, ҷангу  нооромиҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Шарқи Наздик ва дигар минтақаи олам солҳои тӯлонӣ давом намекард.

Олмонию ветнамиҳо баъди 40 сол, кореягиҳо бошанд, пас аз 50 соли ҷангу ҷидол сари мизи гуфтушунид нишастанд. Тавре аз  маълумоти СММ бармеояд, давоми беш аз панҷ ҳазор сол 14550 маротиба ҷангҳои хурду бузург рӯй додааст. Аммо ягонтои он бо сулҳе чун сулҳи тоҷикон ба итмом нарасидааст.  Дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳам терроризм даст дошт. Сарвари тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин хатари фоҷиаборро ба хубӣ ҳис намуд ва бар зидди ин падидаи номатлуб муборизаро оғоз кард.

Баъди дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари кишвар интихоб шудан нахустин  изҳороташ бобати ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятию сиёсии мамлакат буд.

Дар ҷодаи сулҳу ваҳдат қавлу амали Сарвари давлат як аст. Гуфтушунид бо мухолифин ҳам чандон осон набуд.

Мулоқот, ки дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон замоне доир мешуд, он зери тасарруфи Толибон қарор дошт. Дар чунин вазъияти хавфнок ҷонибҳо сари мизи гуфтушунид нишастанд. Бо душворӣ ҳам бошад, бо ҳам наздик мешуданд, зеро мақсади ягона доштанд. Давоми ҳашт даври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқотҳои ғайрирасмӣ, ки қариб чор сол идома ёфтанд, эҳсоси нобоварӣ, шубҳа ва ноумедӣ тадриҷан аз байн рафт.

Ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо шуд. Барои ба имзо расидани Созишномаи мазкур вохӯрии иштирокчиёни музокирот, ки моҳи декабри соли 1996 дар Хосдеҳи вилояти Толиқони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гашт, заминаи воқеӣ гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати панҷсолагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар суханронии худ чунин таъкид менамояд:

«Бо имзои ин санади таърихӣ мо дар кишвари худ ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, сарзаминамонро аз харобӣ, миллатамонро аз парокандагӣ ва Ватанамонро аз нобудӣ наҷот додем. Зеро тавре 27 июни соли 1997 дар маросими имзои Созишнома дар ҳузури  намояндагони баландмақоми як қатор кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи  байналмилалӣ изҳор карда будам, таҷрибаи  талхи мо собит намуд, ки ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ танҳо ба роҳи осоишта, яъне музокира расидан имкон дорад».

Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсӣ буд. Бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик комилан ба сулҳу ваҳдат расид. Ин  муваффақияти тамоми тоҷикони олам маҳсуб меёбад.

Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки асосгузораш Эмомалӣ Раҳмон аст, имрӯзҳо мавриди омӯзиш ва таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад. Ин ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург аз ин имконот ва неъматҳои Худодод истифода бурда, метавонад худро наҷот диҳад.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»