«Дунёи нав»-и шаҳри Душанбе

№114 (3594) 03.09.2016

DSC_410530 августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 25 -  умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои пойтахт иншооти таъиноти гуногунро ифтитоҳ бахшида, бо сокинон суҳбату мулоқоти судманд доир карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Фармоишгари бино Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сур-саф» мебошад. Соли 2011 — ум Президени мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин иншоот санги асос гузошта буданд ва корҳо аз моҳи июни соли 2012 оғоз шуданд.

Барои бунёди иншооти мазкур 50 миллион сомонӣ сарф шудааст. Бинои таълимӣ аз 3 иморати 5 — ошёна иборат мебошад ва барои 1072 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.

Масоҳати умумии бинои нав 15 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад ва барои таҳсили донишҷӯён дар шароити муосир басо созгор аст. Дар таҳхона ошхона бо 280 ҷойи нишаст, 5 озмоишгоҳи химия, физика ва биология сохта шудааст. Дар бинои нав толори варзишӣ бо 195 ҷой барои тамошобинон, 3 утоқи лингофонӣ бо 50 ҷой, толори машваратӣ бо 20 ҷой, озмоишгоҳи криминалӣ, маҷлисгоҳ бо 560 ҷой, маркази матбуотӣ бо студияи радио ва телевизион, аудиторияҳо бо 280 ҷой, 2 синф­хонаи компютерӣ бо 70 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи панҷум китобхонаи электронӣ бо 50 ҷой мавҷуд аст.

Ин муассисаи олии таълимӣ яке аз калонтарин донишгоҳҳои кишвар ба шумор рафта, соли 1996 дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Федератсияи Россия таъсис ёфтааст. Дар донишгоҳ аз рӯи 18 равияи бакалавриат, 11 равияи таълимии магистратура зиёда аз 20 барномаи магистрӣ, 2 равияи докторантура ва 3 равияи аспирантура фаъолияти таълимӣ ва илмӣ бурда мешавад.

282 омӯзгор, аз ҷумла 44 доктори илм ва 126 номзади илм дар факултетҳои филологӣ, таърихи муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ ба донишҷӯён дарс медиҳанд.

Аз рӯзи таъсис зиёда аз 20 ҳазор нафар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро хатм кардаанд.

Зимни шиносоӣ аз имкониятҳои таълимии донишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо донишҷӯён суҳбати самимӣ доир карда, ифтитоҳи биноро ба онҳо муборакбод гуфтанд. Сарвари давлат ҷавононро ба омӯзиши амиқи илм­ҳои замони муосир, технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят карданд.

Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои нави Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар наз­ди устодону донишҷӯён суханронӣ намуданд.

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сарвари давлат муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 101-ро барои як ҳазору дусад нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Сарвари давлат дар ин ҷо бо шароити таҳсил ва сифати корҳои сохтмонӣ шинос шуда, ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд. Бинои асосии муассиса аз се ошёна иборат буда, дорои толори бошукӯҳи варзишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии тамрин мебошад. Дар саҳни бино варзишгоҳи замонавии кушод барои бозиҳои  футбол, волейбол, баскетбол ва инчунин, теннису дигар майдончаҳо барои обутоби бадан бунёд ёфтааст. Дар иншооти мазкур фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТВЕА» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ» мебошад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Союз Сохтмон» ба анҷом расонида шудааст. Сохтмони бинои муассиса, ки моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардида буд, дар муддати як сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандарти байналмилалӣ ба анҷом расидааст.

Маблағи умумии ҷудогардида барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани муассиса бо ашёи зарурии хониш 24 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 350 нафар мутахассису сохтмончии маҳаллӣ бо кори муваққатӣ фаро гирифта шуда, бо маоши хуб таъмин гардидаанд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани муассиса 70 нафар шаҳрванди мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.

Бинои муассиса дорои маҷлисгоҳ бо 450 ҷойи нишаст, 47 синфхона, аз ҷумла 32 синф­хонаи фаннӣ ва боқимонда синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири таълиму тадрис мебошад. Ду синфхона ҳамчун синфхонаи компютерӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳар кадом бо 25 адад компютер муҷаҳҳаз шудаанд. Маҷмӯан муассиса бо 63 адад компютер таъмин гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорон ва муҳассилини муассиса иброз доштанд, ки ба истифода додани боз як муассисаи бошукӯҳи таълимӣ бо беҳтарин шароити илмомӯзӣ барои сокинони ноҳияи Синои пойтахт туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президент ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.

Худи ҳамон рӯз дар кӯчаи «Соҳилӣ»-и шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи истеҳсолии «Дунёи нав» расман оғоз бахшиданд.

Ин бино аз 8 ошёна иборат буда, бо назардошти муосиртарин талаботи шаҳрсозӣ сохта шудааст.

Бино дар масоҳати 9000 метри мураббаъ бунёд ёфта, дар он шароити арзанда барои фаъолияти дӯзандагӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар ошёнаи аввали корхонаи истеҳсолии «Дунёи нав» занону духтарони ҳунарманд ба қолинбофӣ машғул буда, мувофиқи табъ ва хоҳиши мизоҷон қолинҳои дастбофи рангорангро омода месозанд.

Корхонаи истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аваз Кабиров сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Арзиши лоиҳавии ин иншоот 13,2 миллион сомониро ташкил медиҳад ва тарҳи он аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Архиком» омода гардидааст. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо зиёда аз 200 нафар мутахассиси ватанӣ ҷалб гардида буданд.

Дар ошёнаи 7-уми «Дунёи нав» шароити арзанда барои фаъолияти нафарони имконияташон маҳдуд фароҳам оварда шудааст. Бо истифода аз ин шароит онҳо имконият доранд, ки ба дӯхтани сару либос машғул гардида, ба ин васила даромади хуб ба даст оранд. Дар дигар ошёнаҳои ин бинои тозабунёд низ нафарони соҳибкасб ба дӯхтани рахти хоб, кӯрпаву кӯрпача, сару либос, қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ машғуланд.

Ба иттилои масъулин, дар ин иншоот дар маҷмӯъ зиёда аз 500 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардидаанд. Оянда соҳибкори мазкур ҳадаф дорад, ки дар шафати бино боз маҷмааи истироҳатию фароғатӣ, аквапарк, иншооти варзишӣ ва хизмат­расонии коммуналию маиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Пудратчии иншооти мазкур Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восеъ А» ба шумор меравад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба кори сохтмон­чиён баҳои баланд дода, иқдоми ҳамин гуна соҳибкорони ташаббускорро намунаи ибрату боиси дастгирӣ хонданд.

То ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахт 70 иншоот бо маблағи беш аз 1,3 миллиард сомонӣ, аз ҷумла Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба маблағи 644,8 миллион сомонӣ бо беш аз 3500 ҷойи корӣ, 7 муассисаи томактабӣ  барои 979 ҷой  бо маблағи 38,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла 469 ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе бо маблағи 19,5 миллион сомонӣ ва 510 ҷой ба маблағи 18,9 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон, панҷ муассисаи таҳсилоти умумӣ ба маблағи 60,7 миллион сомонӣ барои 3120 ҷой, аз ҷумла 1920 ҷой ба маблағи 37,2 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе ва 1200 ҷой ба маблағи 23,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби сармоягузорони хориҷӣ, 30 манзили истиқоматии баландошёна бо масоҳати 306,3 ҳазор метри мураббаъ,  биноҳои маъмурӣ  бо масоҳати 4590 метри мураббаъ, 7 маҷмааи савдову хизматрасонӣ бо масоҳати 64 ҳазор метри мураббаъ, бо беш аз 1000 ҷойи корӣ ва роҳҳои мошингард ба дарозии 19,34 км сохта, ба истифода дода шудаанд. Инчунин, аз ҳисоби бахши хусусӣ 42 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо шумораи умумии беш аз 2000 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Дар маҷмӯъ, дар соли ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварамон дар шаҳри Душанбе на кам аз 125 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 2,2 миллиард сомонӣ бо 20 ҳазор ҷойи корӣ ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт чанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ гардид.

Иншооти нав ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи зиёда аз 70 миллион сомонӣ сохта шудааст, ки дорои боғчаи кӯдакона, маркази савдо, таваққуфгоҳи зеризаминии дуошёна барои 178 автомобил ва дигар шароити замонавӣ барои зист мебошад. Биноҳои муосири 12-ошёна бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ сохта шудааст.

Манзилҳои истиқоматӣ аз як то панҷҳуҷрадор буда, дар маҷмӯъ 174 оила соҳиби макони зисти замонавӣ шуданд. Аз ҷумла, дар ин ҷо 14 манзили зисти якҳуҷрадор, 62 адад ду ва сеҳуҷрадор ва 36 чорҳуҷрадор мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои истиқоматии баландошёна бо маркази савдо ва боғчаи кӯдакон соли 2013 оғоз гардида буд. Дар вақти сохтмон то ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Баъди пурра ба фаъолият оғоз кардани иншоот зиёда аз 200 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.

Лоиҳакаши иншоот Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Саноатсохтмон» ва фармоишгар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мега групп констракшен» мебошад. Биноҳои истиқоматии баландошёна бо маркази савдо ва боғчаи кӯдакон бо сохти меъмории замонавӣ бунёд ёфта, саҳни он бо назардошти талабот назаррабо гардонида шудааст.

Иншооти нав, ҳамчунин дорои боғчаи кӯдакон барои 60 нафар мебошад, ки чанд нафар мураббияҳои ботаҷриба дар он соҳиби ҷойи кор шуданд. Фарзандони истиқоматкунандагон бевосита дар шароити замонавӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Дар шаҳри Душанбе  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуҳ иншоот ба маблағи 239 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар масоҳати 43 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки шумораи умумии ҳуҷраҳояшон 500 ададро ташкил медиҳад.

Ин манзилҳо аз истиқоматгоҳҳои 1 ҳуҷрагӣ (136 адад), 2 ҳуҷрагӣ (187 адад), 3 ҳуҷрагӣ (140 адад), 4 ҳуҷрагӣ (37 адад), марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бо масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ, муассисаҳои томактабӣ барои 280 ҷой, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 1200 ҷойи нишаст иборат мебошанд. Шумораи коргарон дар ин ҷо дар вақти сохтмон 1500 нафар ва баъди сохтмон беш аз 2100 нафарро ташкил медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе нахустин муассисаи томактабии байналмилалии «Малика»- ро ифтитоҳ намуданд.

Кӯдакистон имкон дорад ҳар рӯз 200 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад. Он аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исмоилзода Абдуҳошим бунёд гардида, дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2014 оғоз гардида, дар муддати 21 моҳ аз ҷониби пуд­ратчӣ ҶСП «Сомон-таҷҳизот» бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар боғчаи кӯдакон ба корҳои сохтмонӣ ва шароити ин муассиса баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, ин муассисаи томактабиро туҳфаи арзанда дар арафаи таҷлил аз ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Бинои боғчаи мазкур ба маблағи умумии беш аз 14 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Бо ифтитоҳи ин муассиса 65 нафар сокини пойтахт имкон пайдо карданд, ки бо ҷойи кор ва маоши то 1500 сомонӣ таъмин гарданд. Бояд гуфт, ки муассисаи томактабии байналмилалии «Малика» аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он асбобу анҷом барои хониш, машғулиятҳои гуногун ва будубоши кӯдакон муҳайё карда шудааст. Муассиса аз 8 айвонча, 16 ҳуҷраи хоб, ҳавзи шиноварӣ, толори бозии кӯдакон, толори варзишӣ, майдони хурди бозии футбол, синфи мусиқӣ, утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Дар муассиса омӯзиш ба се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат тарбиятгаронро даъват намуданд, ки бо истифода аз ин шароити созгор кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки ин насл дар оянда созандагони воқеии ҷамъият бошанд.

www. president. tj