Дурнамои ҳамкориҳо умедбахшанд

№71 (3372) 23.05.2015

 Россия

Бисту дуюми майи соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон губернатори вилояти Ивановои Федератсияи Россия Павел Конковро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Россия, аз ҷумла робитаҳои байниминтақавии ду кишвар, баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз муҳтавои муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла зикр намуд: «Федератсияи Россия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон буду ҳаст, зеро ҳоло наздики 50 фоизи сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишвар ба ин шарики стратегии мо рост меояд». Таъкид гардид, ки «бояд ин тамоюл на танҳо нигоҳ дошта шавад, балки густариш ёбад».

Бо таваҷҷуҳи махсус ба робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар, аз ҷумла миёни вилоятҳои Суғду Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ивановои Федератсияи Россия таъкид гардид, ки дурнамои ин ҳамкориҳо басо умедбахшанд. Тазаккур дода шуд, ки ҳоло миёни минтақаҳои ду кишвар беш аз 75 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Рушди ҳамкорӣ бо вилояти Ивановои Федератсияи Россия дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, сохтмон, технологияҳои муосир, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ чун пахта, меваю сабзавот ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти хушсифат дорои дурнамои хуб номида шуд.

Ба масоили муташаккилона ба роҳ мондани фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар Федератсияи Россия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг сурат гирифт. Ёдоварӣ шуд, ки ҳоло 500 донишҷӯйи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Россия таҳсил мекунанд ва имкон дорад ин шумора дар  оянда афзун гардад.

www.president.tj