Эмомалӣ Раҳмон Чин Ли Зо Ченро ба ҳузур пазируфт

№104 (3741) 29.08.2017

MNK_289028 августи соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши озодибахши Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Зо Ченро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои амниятӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистон ва Хитой, ки меҳвари муносибатҳои дуҷонибаро ташкил медиҳанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муҳимияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Хитой дар мубориза алайҳи терроризм, ифротгаройӣ ва ҷудоихоҳӣ таъкид гардида, тақвияти ин ҳамдастӣ ба манфиати тамоми давлатҳои минтақа арзёбӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ҳамкориҳо дар ин самт дар сатҳи зарурӣ идома доранд, вале, новобаста ба ин давлатҳо бояд ба муқобилати фаврӣ бар зидди зуҳуроти наву номатлуби характери минтақавӣ ва байналмилалидошта омода бошанд.

Ҳар ду ҷониб барои тақвияти ҳамгироӣ ва мусоидати фаъол дар ҳалли қазияи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошта, омодагию ҳавасмандии худро барои таҳкимбахшии иқтидорҳои марзбонӣ дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки аҳамияти рӯзмарра дорад, таъкид намуданд.

Ҳамчунин, масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ, ки дар меҳвари сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ қарор доранд, баррасӣ гардиданд.

www.president.tj