Файзи Истиқлол аз Ваҳдат аст

№88 (3389) 27.06.2015

китобЧанде пеш бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятӣ-байналмилалии Фонди «Муколамаи АвруОсиё» китоби «Ваҳдат ва раванди гуфтугӯи тамаддунҳо» нашр гардид.  Китоби мазкур дар партави асару мақолаҳо ва суханрониҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст.

Дар боби аввали китоб зери унвони «Ваҳдат — омили муттаҳидсози миллат» суханрониҳои Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ваҳдат, сулҳ ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҷой гирифтааст.

Дар боби дуюми китоб мақолаҳои олимони тоҷик оид ба нақши барҷастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарғибу тавсифи ваҳдат, таҳаммулгароӣ ва фарҳанги сулҳ ҷой дода шудаанд.

Мақолаҳои Нодир Одилов «Роҳбаре бо хиради хусравонӣ», Мирзошоҳрух Асрорӣ «Ваҳдат — арзиши муқаддасу азиз», Меҳмон Бахтӣ «Файзи истиқлол ва ваҳдат» ва дигарон дар ин бобат таҳия шудаанд.

Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятӣ — байналмилалии Фонди «Муколамаи АвруОсиё» Эмсал Коч дар муқаддимаи китоб чунин навиштааст: «Кӯшишҳои Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи расидан ба сулҳу ваҳдат манзури оламиён гардид. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистон мактаби таҷрибаи сулҳофарӣ гаштааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин таҷрибаро омӯхта, дар ҳалли буҳронҳои сиёсӣ истифода менамояд».

Китоб ба 18-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст.

АМИТ «Ховар»