Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№55 (4005) 16.05.2019

аз 14 майи соли 2019, № 35-ф, ш. Душанбе

Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба Каримзода Хуршед Абдураҳмон – сардори Хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар — муовини якуми сардори Хадамоти гумрук, Ҳурматзода Иззатулло Зариф — муовини сардори Хадамоти гумрук, Шерализода Хуршед – муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабиашон танбеҳ дода шавад.

 

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН