Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№30 (3331) 02.03.2015

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 феврали соли 2015 №69, ш. Душанбе

 Дар бораи аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода озод намудани Зиёев Х.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Зиёев Хуршедҷон Махшулович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 феврали соли 2015 №70, ш. Душанбе

 Дар бораи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода таъин намудани Қосимзода И. Т.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қосимзода Идигул Тағо ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон