Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№5 (3306) 09.01.2015

Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо, фармон медиҳам:

1. Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис дода шавад.

2. Маблағгузории Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 2 моҳ:

- Низомнома ва ҳайати Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо таҳия ва тасдиқ намояд;

- масъалаҳое, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, аз ҷумла масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявиро ҳал намояд;

- санадҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 9 январи соли 2015 №328