Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№47 (3348) 31.03.2015

Дар бораи таъин намудани аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Мутобиқи моддаҳои 49 ва 70 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шахсони зерин аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум таъин карда шаванд:

Раҳимӣ Фарҳод – президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Сафарзода Хайрулло Амиралӣ – директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун»;

Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна – муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавии Беморхонаи клиникии шаҳрии №1 ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд;

Бобобекова Меҳринисо – раиси Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯ»;

Ҷошбаев Мурзабай Абилакимович – раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;

Насимов Абдурасул Нишанкулович – раиси Ҷамоати деҳоти «Фрунзе»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 30 марти соли 2015 №426