Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№121 (3601) 24.09.2016

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова таъин намудани Холбобоев Ф. С.

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Холбобоев Файзулло Самадович ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 21 сентябри соли 2016, № 757