Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№154 (3139) 07.12.2013

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум 16 декабри соли 2013 соати 9.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Ба баррасии иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифа озод ва ба вазифа таъин намудани аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 4 декабри соли 2013 №89