Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№4 (3641) 14.01.2017

Дар бораи аз вазифаи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Рустами Эмомалӣ

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Рустами Эмомалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 12 январи соли 2017, №801