Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия озод намудани Неъматов М. М.

№114 (3908) 20.09.2018

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Неъматов Маликшо Маҳмадшоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия ва ҳамзамон аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Полша ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 18 сентябри соли 2018, №1097