Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№4 (3641) 14.01.2017

Дар бораи аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Салимзода Н.Ф.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Салимзода Нусратулло Файзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 12 январи соли 2017, №807