Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№4 (3641) 14.01.2017

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод намудани Сиёмардзода С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сиёмардзода Сайдамир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 12 январи соли 2017, №809