Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№98 (4048) 15.08.2019

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод намудани Самадзода З. М.

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Самадзода Зикрихудо Муҳаммадаюбхон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 10 августи соли 2019, № 1331