Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№151 (3788) 21.12.2017

 Бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа фармон медиҳам:

1. Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2021 баргузор карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукотро таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муҳлати ду моҳ тасдиқ намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 19 декабри соли 2017, №968