Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ — тарбиявӣ озод намудани полковники гвардия Одиназода И. М.

№67 (4017) 13.06.2019

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Полковники гвардия Одиназода Исматулло Маҳмадулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ — тарбиявӣ озод карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 11 июни соли 2019, № 1266