Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ озод намудани Мирзоев Б. Қ.

№15 (3965) 07.02.2019

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ — тарбиявӣ озод карда шавад.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 5 феврали соли 2019, №1209