Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон озод намудани Файзуллозода З. Х.

№8 (4114) 14.01.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Файзуллозода Зафар Хайрулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон озод карда шавад.

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 13 январи соли 2020, № 1399