Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ озод намудани Қосимӣ Заробиддин

№106 (4212) 01.09.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ­фармон медиҳам:

Қосимӣ Заробиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ҳамзамон, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ озод карда шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 31 августи соли 2020, № 1591