Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи судяи Суди шаҳри Турсунзода озод намудани Сафарализода М. С.

№143 (3937) 27.11.2018

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафарализода Муҳаббат Сафаралӣ бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи Суди шаҳри Турсунзода озод карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 23 ноябри соли 2018, №1145