Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ализода З.

№25 (3975) 05.03.2019

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ализода Зариф бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 4 марти соли 2019, № 1223