Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Орумбекзода Ш. Ш.

№13 (4119) 28.01.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Орумбекзода Шамсиддин Шодибек бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 24 январи соли 2020, № 1420