Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи даъват намудани иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

№97 (3734) 15.08.2017

Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 23 августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Ба баррасии Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи маориф», кодексҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба амалӣ гардонидани асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳаҳои сохтмони «Бинои нави парламент ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда шаванд.

 Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 11 августи соли 2017, №915