Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Гулмаҳмадзода Д. Қ.

№22 (4128) 18.02.2020

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ­фармон медиҳам:

1. Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 14 феврали соли 2020, № 1454

 

01gulmahmadzodaГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ 10 январи соли 1961 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1987 Донишкадаи  муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкент ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисосҳои муҳандис-заминсоз, менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисод мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро аз совхози Ленини ноҳияи Данғара шурӯъ намуда, минбаъд дар вазифаҳои сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолобод, раиси Кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара, раиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон, муовини вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Турсунзода, раиси вилояти Хатлон ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2006 бо ордени «Шараф» дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2020 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.