Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъин намудани Зоҳидӣ Н. Ш.

№55 (4005) 16.05.2019

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъин карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 14 майи соли 2019, № 1261