Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо

№92 (3729) 02.08.2017

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Амонулло Муқаиршо аз вазифаи раиси Суди шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,

Нуруллозода Қосим аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон,

Нурализода Зумрад Қосим аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 1 августи соли 2017, № 906