Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин намудани Раҷабзода Ҳ. Ҳ.

№30 (4136) 07.03.2020

 Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 6 марти соли 2020, № 1470

 

РАҶАБЗОДА Ҳусния Ҳукуматшо 24 июни соли1982 дар ноҳияи Мурғоб таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори фанни забони тоҷик ва адабиёт ва соли 2011 магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар вазифаҳои омӯзгори мактаби миёна, мудири шуъбаи умумӣ, мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия ва муовини раиси ноҳияи Мурғоб фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марти соли 2020 раиси ноҳияи Мурғоб таъин карда шуд.